- меҳнат
- [محنت]а1. азоб, ранҷ, машаққат, заҳмат меҳнат кашидан азобу машаққат кашидан, дар азоб будан2. фаъолияти мақсаднок ва ба ҷамъият нафъовари инсон, ки ранҷу кӯшиши ақлонӣ ва ҷисмонӣ металабад; кор; меҳнати вазнин (миёншикан, пурмашаққат, сахт, тоқатфарсо), меҳнати даст(а)ҷамъона, меҳнати деҳқонӣ, меҳнати зарбдорона, меҳнати фидокорона (бунёдкорона, шоён), меҳнати осоишта, меҳнати саҳро, меҳнати ҳалол, иди меҳнат, интизоми меҳнат, тақсимоти меҳнат, зоеъ нарафтани меҳнати касе; ба таври истиора: арсаи меҳнат, майдони меҳнат, ниҳоли меҳнати касе меваи роҳат додан; меҳнати дастӣ коре, ки дар истеҳсолот бе ёрии мошин ва техника, яъне бо қувваи бозу ба ҷо оварда мешавад; меҳнати кироя меҳнате, ки шахси воситаи истеҳсолот надошта барои рӯзгузаронӣ ба сармоядор мефурӯшад; меҳнати фикрӣ // меҳнати ақлонӣ корест (аз қабили корҳои эҷодӣ, илмӣ, муҳандисӣ ва ғ.), ки одам барои иҷрои он қувваи ақлонии худро сарф мекунад; меҳнати ҷисмонӣ корест (аз қабили деҳқонӣ, сохтмон, ҳаммолӣ ва ғ.), ки асосан бо қувваи бадани одам иҷро карда мешавад, кори ҷисмонӣ; музди меҳнат ҳаққе, ки дар бадали иҷрои кор дода мешавад; рӯзи меҳнат воҳиди кори якрӯза дар муҳосибаи меҳнати деҳқонон; меҳнат кардан кор кардан; аз меҳнати касе фоида бурдан касеро истисмор кардан◊ аҳли меҳнат меҳнаткашон, заҳматкашон; меҳнати касе сӯхтан кори анҷомдодаи касе самара надодан (бенатиҷа мондан)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.